وَٱلَّتِيٓ أَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيهَا مِن رُّوحِنَا وَجَعَلۡنَٰهَا وَٱبۡنَهَآ ءَايَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ
الطاجيكية | Тоҷикӣ
91) Ва эй Паёмбар, қиссаи Марямро ёд кун, он зане, ки шармгоҳи худро аз зино нигоҳ дошт. Пас Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) сӯи ӯ Ҷабраилро фиристод. Ҷабраил дар вай дамид, пас Марям бордор шуд ва Маряму писараш барои мардум аломати исботкунандаи қудрати Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ва нишонаи он буданд, ки чизе Ӯро нотавон сохта наметавонад. Зеро Парвардигор Исоро бепадар офарид.
