وَٱذۡكُرۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ مَرۡيَمَ إِذِ ٱنتَبَذَتۡ مِنۡ أَهۡلِهَا مَكَانٗا شَرۡقِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
16) Ва эй Паёмбар, дар Қуръони бар ту нозилшуда хабари Марям (алайҳис салом)-ро ёд кун. Он гоҳ, ки аз назди аҳлаш канор рафт ва дар маконе аз самти шарқии онҳо танҳо монд.
فَٱتَّخَذَتۡ مِن دُونِهِمۡ حِجَابٗا فَأَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡهَا رُوحَنَا فَتَمَثَّلَ لَهَا بَشَرٗا سَوِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
17) Пас Марям барои худ дар баробари қавмаш пардае гирифт, ки ӯро аз чашми онҳо ва дигарон бипӯшонад, то вақти ибодати Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ӯро набинанд. Баъд аз ин Мо ба сӯяш Ҷабраил (алайҳис салом)-ро фиристодем. Пас Ҷабраил (алайҳис салом) дар наздаш ба сурати инсони дурустандом намоён гардид. Марям (алайҳис салом) аз он тарсид, ки вай нисбаташ бадӣ мехоҳад.
قَالَتۡ إِنِّيٓ أَعُوذُ بِٱلرَّحۡمَٰنِ مِنكَ إِن كُنتَ تَقِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
18) Пас вақте ки Марям (алайҳис салом) Ҷабраил (алайҳис салом)-ро ба сурати инсон дид, ки наздаш меояд, гуфт: “Эй шахс, ҳамоно ман аз бадии ту ба Аллоҳи Меҳрубон паноҳ мебарам, агар ботақво ва аз Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) метарсида бошӣ.”
قَالَ إِنَّمَآ أَنَا۠ رَسُولُ رَبِّكِ لِأَهَبَ لَكِ غُلَٰمٗا زَكِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
19) Ҷабраил (алайҳис салом) гуфт: “Ман одамӣ нестам. Ба дурусти ки ман фиристодаи Парвардигорат ҳастам. Маро ба сӯи ту фиристод, то бароят фарзанди поке ато кунам.”
قَالَتۡ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَٰمٞ وَلَمۡ يَمۡسَسۡنِي بَشَرٞ وَلَمۡ أَكُ بَغِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
20) Марям (алайҳис салом) бо тааҷҷуб пурсид: “Читавр ман соҳиби фарзанд мешавам ва ҳол он ки бо ман на шавҳар ва на каси дигар наздикӣ накарда аст ва зани зинокор нестам, то фарзанд дошта бошам?”
قَالَ كَذَٰلِكِ قَالَ رَبُّكِ هُوَ عَلَيَّ هَيِّنٞۖ وَلِنَجۡعَلَهُۥٓ ءَايَةٗ لِّلنَّاسِ وَرَحۡمَةٗ مِّنَّاۚ وَكَانَ أَمۡرٗا مَّقۡضِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
21) Ҷабраил ба вай гуфт: “Ҳақиқат ҳамон тавр аст, ки гуфтӣ, на шавҳар ва на касе бо ту наздикӣ накарда аст ва зани зинокор ҳам нестӣ, лекин Парвардигорат гуфт: “Бароям бе падар офаридани фарзанд кори хеле осон аст ва то фарзанди ба ту бахшидашуда барои мардум аломати исботкунандаи қудрати Парвардигор ва аз ҷониби Мо барои туву касе, ки ба вай имон орад, мояи раҳмат бошад. Ва ин офариниши фарзандат аз назди Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) тақдири муқаддаршуда ва дар Лавҳи маҳфуз сабтгашта мебошад.”
۞فَحَمَلَتۡهُ فَٱنتَبَذَتۡ بِهِۦ مَكَانٗا قَصِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
22) Пас Марям (алайҳис салом) баъди дамидани Ҷабраил бо Исо бордор шуд. Пас ӯ бо ҳамли шикамаш ба макони аз назди мардум дур канор рафт.
فَأَجَآءَهَا ٱلۡمَخَاضُ إِلَىٰ جِذۡعِ ٱلنَّخۡلَةِ قَالَتۡ يَٰلَيۡتَنِي مِتُّ قَبۡلَ هَٰذَا وَكُنتُ نَسۡيٗا مَّنسِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
23) Пас ӯро дарди зоймон гирифт ва назди танаи дарахти хурмо бурд. Марям (алайҳис салом) гуфт: “Эй кош, пеш аз ин рӯз мемурдам ва чизи беарзише мешудам, ки шинохта ва ёд карда намешуд, то мардум дар ҳаққам гумони бад намекарданд.”
فَنَادَىٰهَا مِن تَحۡتِهَآ أَلَّا تَحۡزَنِي قَدۡ جَعَلَ رَبُّكِ تَحۡتَكِ سَرِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
24) Пас Исо (алайҳис салом) аз зери қадамҳояш ӯро ба ин мазмун садо кард: “Ғамгин машав. Ба дурусти ки Парвардигорат дар зери пойҳоят ҷӯйбореро қарор додааст, ки аз оби он менӯшӣ.
وَهُزِّيٓ إِلَيۡكِ بِجِذۡعِ ٱلنَّخۡلَةِ تُسَٰقِطۡ عَلَيۡكِ رُطَبٗا جَنِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
25) Ва танаи дарахти хурморо гирифта, ба сӯи худ ларзон, то бароят хурмои тару тозаи худи ҳозир чидашуда резонад.-
فَكُلِي وَٱشۡرَبِي وَقَرِّي عَيۡنٗاۖ فَإِمَّا تَرَيِنَّ مِنَ ٱلۡبَشَرِ أَحَدٗا فَقُولِيٓ إِنِّي نَذَرۡتُ لِلرَّحۡمَٰنِ صَوۡمٗا فَلَنۡ أُكَلِّمَٱلۡيَوۡمَ إِنسِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
26) Пас аз хурмо бихӯр ва аз об бинӯш ва аз он ки соҳиби навзод шудаӣ, осудахотир бош ва ғамгин машав. Пас агар аз миёни мардум касеро бинӣ, ки туро дар бораи хабари навзодат мепурсад, пас ба вай бигӯ: “Ман ба хотири Худованди Меҳрубон хомӯш истоданро бар худ воҷиб сохтаам, барои ҳамин имрӯз ҳаргиз бо касе аз инсонҳо сухан намекунам.”
فَأَتَتۡ بِهِۦ قَوۡمَهَا تَحۡمِلُهُۥۖ قَالُواْ يَٰمَرۡيَمُ لَقَدۡ جِئۡتِ شَيۡـٔٗا فَرِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
27) Пас Марям писараш Исоро бардошта, ба назди қавмаш овард. Қавмаш ба маънои инкор гуфтанд: “Эй Марям, Ба дурусти ки амали бағоят қабеҳ овардӣ, чунки бе падар фарзанд таваллуд кардаӣ.
يَـٰٓأُخۡتَ هَٰرُونَ مَا كَانَ أَبُوكِ ٱمۡرَأَ سَوۡءٖ وَمَا كَانَتۡ أُمُّكِ بَغِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
28) Эй дар ибодат Шабеҳи Ҳорун, падарат марди зинокор ва модарат зани зинокор набуд. Ту аз хонадони маъруф ба диёнат ва покӣ ҳастӣ. Читавр бе падар фарзанд таваллуд мекунӣ?!”
فَأَشَارَتۡ إِلَيۡهِۖ قَالُواْ كَيۡفَ نُكَلِّمُ مَن كَانَ فِي ٱلۡمَهۡدِ صَبِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
29) Пас Марям (алайҳис салом) ба писараш Исо (алайҳис салом), ки дар гаҳвора буд, ишора кард. Қавмаш бо тааҷҷуб гуфтанд: “Читавр мо бо кӯдаки гаҳвора гап мезанем?!”
قَالَ إِنِّي عَبۡدُ ٱللَّهِ ءَاتَىٰنِيَ ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلَنِي نَبِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
30) Исо (алайҳис салом) гуфт: “Ба дурусти ки ман бандаи Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ҳастам, бароям Инҷилро дод ва маро яке аз паёмбаронаш гардонид.-
وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيۡنَ مَا كُنتُ وَأَوۡصَٰنِي بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ مَا دُمۡتُ حَيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
31) Ва маро ҳар куҷо бошам, ба бандагон бисёр судрасон сохт ва маро то вақте зиндаам, ба адои намоз ва пардохти закот амр кард.-
وَبَرَّۢا بِوَٰلِدَتِي وَلَمۡ يَجۡعَلۡنِي جَبَّارٗا شَقِيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
32) Ва маро дар ҳаққи модарам некӯкор гардонид ва аз итоати Худ мутакаббири исёнкор нагардонид.-
وَٱلسَّلَٰمُ عَلَيَّ يَوۡمَ وُلِدتُّ وَيَوۡمَ أَمُوتُ وَيَوۡمَ أُبۡعَثُ حَيّٗا
الطاجيكية | Тоҷикӣ
33) Ва бар ман аз Шайтону ёваронаш рӯзи таваллудам ва рӯзи маргам ва рӯзи дар охират зинда шуданам амон аст. Шайтон дар ин се марҳилаҳои даҳшатнок ба ман зиён намерасонад.”
ذَٰلِكَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَۖ قَوۡلَ ٱلۡحَقِّ ٱلَّذِي فِيهِ يَمۡتَرُونَ
الطاجيكية | Тоҷикӣ
34) Ин шахси бо сифатҳои мазкур мавсуф Исои писари Марям ва қавли дар борааш гуфташудаи дуруст ҳамин аст, на сухани касоне, ки дар мавриди Исо шубҳа мекунанд ва аз назди худ гап мебофанд.
مَا كَانَ لِلَّهِ أَن يَتَّخِذَ مِن وَلَدٖۖ سُبۡحَٰنَهُۥٓۚ إِذَا قَضَىٰٓ أَمۡرٗا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ
الطاجيكية | Тоҷикӣ
35) Ҳаргиз барои Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) сазовор нест, ки фарзанд гирад, Ӯ аз ин тӯҳматҳо пок аст. Чун кореро ирода кунад, пас яқинан ҳамин қадар басанда аст, ки ба он “Ҳаст шав” гӯяд, баъди ин он кор ба вуҷуд меояд. Ҳар кас чунин қудрат дошта бошад, вай аз доштани фарзанд пок аст.
