لَّقَدۡ كَفَرَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ مَرۡيَمَۚ قُلۡ فَمَن يَمۡلِكُ مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـًٔا إِنۡ أَرَادَ أَن يُهۡلِكَٱلۡمَسِيحَ ٱبۡنَ مَرۡيَمَ وَأُمَّهُۥ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗاۗ وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۚ يَخۡلُقُ مَايَشَآءُۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
الطاجيكية | Тоҷикӣ
17) Бешак, насрониҳо, ки гуфтанд, Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ҳамон Масеҳи писари Марям аст, кофир шуданд. Эй Паёмбар! Ба онҳо бигӯ, агар Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) иродаи ҳалок сохтани Масеҳи писари Марям ва Модараш ва тамоми мардуми рӯи заминро кунад, кӣ қудрати пешгирии онро дорад?! Чун ҳеҷ кас тавони пешгирии иродаи Аллоҳ(ҷалла ҷалолуҳу)-ро надорад, ин ба ягонагии Ӯ далолат мекунад ва Исои Масеҳ, Модараш Марям ва кулли мавҷудот махлуқи Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ҳастанд. Ҳама мавҷудоти осмонҳову замин ва байни онҳо аз Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) аст. Ҳар чиро хоҳад, меофарад. Исои писари Марям бо иродаи Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу)халқ шуда аст. Исои Масеҳ банда ва фиристодаи Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) аст. Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) бар ҳама кор Тавоно мебошад.
مَّا ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ مَرۡيَمَ إِلَّا رَسُولٞ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِ ٱلرُّسُلُ وَأُمُّهُۥ صِدِّيقَةٞۖ كَانَا يَأۡكُلَانِ ٱلطَّعَامَۗ ٱنظُرۡكَيۡفَ نُبَيِّنُ لَهُمُ ٱلۡأٓيَٰتِ ثُمَّ ٱنظُرۡ أَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ
الطاجيكية | Тоҷикӣ
75) Масеҳи писари Марям низ монанди дигар паёмбарон яке аз фиристодагони Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) аст. Он чи бар сари дигар паёмбарони илоҳӣ ба мисли марг омада аст, бар сари ӯ ҳам меояд. Ва Марями модараш зани бисёр ростқавл ва тасдиқкунандаи суханони Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) буд. Модар ва Писар монанди дигарон таом мехӯрданд, зеро ба он ниёз доштанд. Пас онҳо бо ниёзмандӣ ба истеъмоли таом читавр метавонанд Худо бошанд?! Пас эй Паёмбар! Бо тафаккур нигоҳ кун, ки Мо чӣ гуна нишонаҳои исботкунандаи ягонагии Худ ва ботил будани эътиқоди ширколуди насрониҳоро ба сурати равшан баён месозем, аммо онҳо бар замми ин оятҳои Моро инкор мекунанд. Сипас бори дигар бо тафаккур нигоҳ кун, ки онҳо бо вуҷуди ин ҳуҷҷатҳои исботкунандаи ягонагии Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) чӣ гуна аз он рӯй метобанд.
إِذۡ قَالَ ٱللَّهُ يَٰعِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ ٱذۡكُرۡ نِعۡمَتِي عَلَيۡكَ وَعَلَىٰ وَٰلِدَتِكَ إِذۡ أَيَّدتُّكَ بِرُوحِ ٱلۡقُدُسِ تُكَلِّمُ ٱلنَّاسَفِي ٱلۡمَهۡدِ وَكَهۡلٗاۖ وَإِذۡ عَلَّمۡتُكَ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَۖ وَإِذۡ تَخۡلُقُ مِنَ ٱلطِّينِ كَهَيۡـَٔةِ ٱلطَّيۡرِبِإِذۡنِي فَتَنفُخُ فِيهَا فَتَكُونُ طَيۡرَۢا بِإِذۡنِيۖ وَتُبۡرِئُ ٱلۡأَكۡمَهَ وَٱلۡأَبۡرَصَ بِإِذۡنِيۖ وَإِذۡ تُخۡرِجُ ٱلۡمَوۡتَىٰ بِإِذۡنِيۖ وَإِذۡكَفَفۡتُ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ عَنكَ إِذۡ جِئۡتَهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡهُمۡ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
الطاجيكية | Тоҷикӣ
110) Ва замонеро ба ёд биёр, ки Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) бо хитоб ба Исои Масеҳ (алайҳис салом) гуфт: “Эй Исои писари Марям! Неъмати бар ту ва бар Модарат додаи Маро ёд кун. Туро бидуни падар офаридам ва Марями Модаратро аз байни занони ҳамасраш баргузидам ва аз тамоми онҳо бартар гардонидам. Инчунин дигар неъматҳоеро, ки бароят бахшидам, ёд кун. Он гоҳ, ки туро ба воситаи Ҷибрил нерӯманд сохтам, дар ширхорагӣ бо мардум гап мезадӣ ва онҳоро ба сӯи дини илоҳӣ фаро мехондӣ ва дар миёнасолӣ он чиро бароят фиристодам, ба мардум мерасондӣ ва бо онҳо гуфтугӯ мекардӣ ва он гоҳ, ки ба ту навиштан ва фаҳм ва Китоби Тавроти Мӯсо (алайҳис салом) ва Инҷилро, ки бароят фиристодам, таълим додам, асрори шариат, ва ҳикматҳои онро бароят омӯхтам ва он гоҳ, ки бо иҷозати Ман аз гил шабеҳи сурати паранда месохтӣ, пас дар он медамидӣ, пас он бо иҷозати Ман ба парандаи зинда табдил меёфт ва бо иҷозати Ман ба кӯри модарзод ва шахси мубталои бемории махав беҳбуд мебахшидӣ ва солим мешуд ва бо дархост карданат аз Ман мурдагонро зинда месохтӣ. Тамоми ин корҳо бо иҷозати Ман сурат мегирифт. Ва аз ҷумлаи неъматҳои Ман бароят он буд, ки вақте бо мӯъҷизаҳои ошкор назди Банӣ Исроил омадӣ ва онҳо ба ҷои пазируфтани ойинат қасди ҷонат карданд, шарри онҳоро аз ту боз доштам. Бани Исроил дини туро бо куфр варзидан посух доданд ва гуфтанд: “Он чи Исои писари Маярм оварда аст, ҷодуи ошкоре беш аст.””
وَإِذۡ قَالَ ٱللَّهُ يَٰعِيسَى ٱبۡنَ مَرۡيَمَ ءَأَنتَ قُلۡتَ لِلنَّاسِ ٱتَّخِذُونِي وَأُمِّيَ إِلَٰهَيۡنِ مِن دُونِ ٱللَّهِۖ قَالَ سُبۡحَٰنَكَمَا يَكُونُ لِيٓ أَنۡ أَقُولَ مَا لَيۡسَ لِي بِحَقٍّۚ إِن كُنتُ قُلۡتُهُۥ فَقَدۡ عَلِمۡتَهُۥۚ تَعۡلَمُ مَا فِي نَفۡسِي وَلَآ أَعۡلَمُ مَا فِينَفۡسِكَۚ إِنَّكَ أَنتَ عَلَّـٰمُ ٱلۡغُيُوبِ
الطاجيكية | Тоҷикӣ
116) Ва он замонеро ба хотир биёр, ки Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) рӯзи қиёмат бо хитоб ба Исои Масеҳ (алайҳис салом) мегӯяд: “Эй Исои писари Марям! Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки ман ва модарамро ба ғайри Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) барои худ маъбуд қарор диҳед?!” Исои Масеҳ (алайҳис салом)дар посух Парвардигорашро ба покӣ ёд карда мегӯяд: “Ман Туро аз доштани шарик ва айбу нуқсон ба покӣ мехонам. Барои ман сазовор нест, ки ба мардум он чиро ҳақ надорам, бигӯям. Ва агар -ба фарзи мисол- ман ин суханро гуфта бошам, пас Ту онро медонӣ, зеро ҳеҷ чиз аз Ту пинҳон нест. Он чиро ман дар замирам пинҳон мекунам, Ту медонӣ ва ман маълумоти махфӣ нигоҳдоштаи Туро намедонам. Бешак, Ту Донандаи ғайбҳо ҳастӣ. Касе ҷуз Ту аз он огоҳ нест.”
