التصنيفات
القرآن الكريم

المختصر في التفسير Тоҷикӣ سورة [آل عمران]

۞إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰٓ ءَادَمَ وَنُوحٗا وَءَالَ إِبۡرَٰهِيمَ وَءَالَ عِمۡرَٰنَ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

33) Ба дурусти ки Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) Одам (алайҳис салом)-ро баргузида, фариштагонро амр кард, то дар наздаш саҷдаи эҳтиром ва салом кунанд ва Нӯҳ (алайҳис салом)-ро интихоб намуда, ӯро нахустин фиристодаи Худ ба сӯи мардум қарор дод ва хонадони Иброҳим (алайҳис салом)-ро ихтиёр карда, мақоми нубувватро дар наслаш боқӣ гузошт ва хонадони Имронро баргузид. Ҳамаи инҳоро баргузида, аз аҳли замонашон бартар гардонид. 

ذُرِّيَّةَۢ بَعۡضُهَا مِنۢ بَعۡضٖۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

34) Ин паёмбарони ёдшуда ва фарзандону наводагони пайрави роҳашон насле ҳастанд, ки баъзеашон дар яктопарастӣ ва анҷоми амалҳои шоиста силсилаи баъзеи дигаранд. Онҳо некӣ ва фазилатҳоро аз якдигар ба мерос мебаранд. Ва Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) гуфтори бандагонашро мешунавад, кирдорашонро медонад. Ба ҳамин асос, аз байнашон ҳар киро хоҳад, бармегузинад ва аз бандагони хосаш мегардонад.  

إِذۡ قَالَتِ ٱمۡرَأَتُ عِمۡرَٰنَ رَبِّ إِنِّي نَذَرۡتُ لَكَ مَا فِي بَطۡنِي مُحَرَّرٗا فَتَقَبَّلۡ مِنِّيٓۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

35) Эй Паёмбар, замонеро ба ёд биёр, ки ҳамсари Имрони модари Марям гуфт: Эй Парвардигорам, ҳамоно ман ба воситаи назр бар хештан воҷиб гардонидаам, ки ҳамли батнамро аз ҳар чизи дигар озодкардашудаи холис барои хидмати Ту ва хонаат қарор диҳам. Пас онро аз ман бипазир. Бешак, Ту Шунавандаи дуову Донандаи нияти ман ҳастӣ.

فَلَمَّا وَضَعَتۡهَا قَالَتۡ رَبِّ إِنِّي وَضَعۡتُهَآ أُنثَىٰ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا وَضَعَتۡ وَلَيۡسَ ٱلذَّكَرُ كَٱلۡأُنثَىٰۖ وَإِنِّيسَمَّيۡتُهَا مَرۡيَمَ وَإِنِّيٓ أُعِيذُهَا بِكَ وَذُرِّيَّتَهَا مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

36) Пас, вақте муддати ҳамли шикамаш комил шуд ва онро таваллуд кард, аз сабаби он ки умеди писар буданашро дошт, аммо баръакси умедаш духтар ба дунё омад, маъзаратхоҳӣ карда гуфт: Эй Парвардигорам, бегумон ман ҳамли шикамамро духтар таваллуд кардам. Ва Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) он чи таваллуд карда буд, беҳтар медонад ва писаре, ки орзӯяшро дошт, дар нерӯю сурат ба мисли духтари барояш атошуда нест. Ҳамсари Имрон дар идома гуфт: Ва бешубҳа, ман духтарамро Марям ном гузоштам ва ман бегумон ӯ ва наслашро аз Шайтони аз раҳматат рондашуда дар паноҳи Ту месупорам.  

فَتَقَبَّلَهَا رَبُّهَا بِقَبُولٍ حَسَنٖ وَأَنۢبَتَهَا نَبَاتًا حَسَنٗا وَكَفَّلَهَا زَكَرِيَّاۖ كُلَّمَا دَخَلَ عَلَيۡهَا زَكَرِيَّا ٱلۡمِحۡرَابَ وَجَدَعِندَهَا رِزۡقٗاۖ قَالَ يَٰمَرۡيَمُ أَنَّىٰ لَكِ هَٰذَاۖ قَالَتۡ هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٍ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

37) Пас, Парвардигораш назри ӯро пазируфт ва ниҳоли вуҷуди духтараш Марямро ба тарзи шоиста рӯёнида, тарбият кард ва қалби бандагони солеҳро нисбат ба Марям мушфиқ сохта, кафолаташро ба Закариё (алайҳис салом) супорид. Ҳар гоҳ Закариё назди Марям ба ҷои ибодаташ медаромад, дар пеши вай рӯзии ҳалоли омодаро меёфт. Пас Закариё (алайҳис салом) ба Марям (алайҳис салом) хитоб намуда мегуфт: Эй Марям, ин рӯзӣ аз куҷо ба ту мерасад? Марям (алайҳис салом) ҷавоб медод: Ин рӯзӣ аз ҷониби Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) аст. Ҳамоно Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ба ҳар ки хоҳад, беҳисоб рӯзии густурда медиҳад. 

وَإِذۡ قَالَتِ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ يَٰمَرۡيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰكِ وَطَهَّرَكِ وَٱصۡطَفَىٰكِ عَلَىٰ نِسَآءِ ٱلۡعَٰلَمِينَ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

42) Ва эй паёмбар, ба ёд биёр, он гоҳ, ки фариштагон ба Марям (алайҳис салом) гуфтанд: Ҳамоно Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) туро ба сабаби он ки дорои сифатҳои нек ҳастӣ, баргузида ва аз нуқсонҳо пок гардонида ва туро бар занони ҷаҳониёни замони худ бартарӣ дода аст.

يَٰمَرۡيَمُ ٱقۡنُتِي لِرَبِّكِ وَٱسۡجُدِي وَٱرۡكَعِي مَعَ ٱلرَّـٰكِعِينَ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

43) Эй Марям, қиёми намозатро барои Парвардигорат тӯлонӣ соз ва саҷда кун ва ҳамроҳи солеҳони рукӯъкунанда рукӯъ намо. 

ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهِ إِلَيۡكَۚ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ يُلۡقُونَ أَقۡلَٰمَهُمۡ أَيُّهُمۡ يَكۡفُلُ مَرۡيَمَ وَمَا كُنتَلَدَيۡهِمۡ إِذۡ يَخۡتَصِمُونَ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

44) Ин рухдоди зикршудаи даврони Закариё (алайҳис салом) ва Марям (алайҳас салом) аз хабарҳои ғайб аст. Эй Паёмбар, Мо онро ба ту пайғом мефиристем. Ва замоне ки донишмандону солеҳон дар бораи он ки чӣ касе ба тарбияи Марям лоиқтар аст, бо ҳам ихтилоф намуда, билохира, ба қуръакашӣ рӯ оварда, қаламҳои хешро дар об андохтанд ва қуръа ба номи қалами Закариё баромад, ту онҷо ҳозир набудӣ.

إِذۡ قَالَتِ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ يَٰمَرۡيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكِ بِكَلِمَةٖ مِّنۡهُ ٱسۡمُهُ ٱلۡمَسِيحُ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ وَجِيهٗا فِيٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

45) Эй Паёмбар, он замонеро ёд кун, ки фариштагон ба Марям (алайҳас салом) гуфтанд: Эй Марям, ҳамоно Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) туро ба вилодати фарзанди бидуни падар мужда медиҳад. Он фарзанд ба воситаи Калимаи Ҳаст шав-и Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ҳаст мешавад. Номаш Масеҳи Исои писари Марям буда, дар дунё ва охират дорои ҷойгоҳи баланд ва аз ҷумлаи бандагони муқарраби Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) мебошад. –   

وَيُكَلِّمُ ٱلنَّاسَ فِي ٱلۡمَهۡدِ وَكَهۡلٗا وَمِنَ 

ٱلصَّـٰلِحِينَ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

46) Ва он фарзандат бо мардум дар ҳолати хурдсолӣ, ки ҳанӯз ба синни сухан кардан нарасида аст, сухан мекунад ва инчунин бо мардум дар миёнасолӣ, ки мардонагӣ ва нерӯяш комил шуда аст, гап мезанад, онҳоро ба анҷоми корҳое, ки дар он салоҳи дунёву охираташон аст, раҳнамоӣ менамояд ва ӯ дар гуфтору кирдораш аз ҷумлаи солеҳон аст.

قَالَتۡ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي وَلَدٞ وَلَمۡ يَمۡسَسۡنِي بَشَرٞۖ قَالَ كَذَٰلِكِ ٱللَّهُ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ إِذَا قَضَىٰٓ أَمۡرٗا فَإِنَّمَايَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

47) Марям аз он ки бешавҳар чӣ гуна соҳиби фарзанд мешавад, ҳайратзада шуда гуфт: Чӣ гуна ман соҳиби фарзанд мешавам, ҳол он ки касе ба ман на бо роҳи ҳалол ва на бо роҳи ҳаром наздикӣ накарда аст? Фариштае бо дастури Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ҷавоб дода гуфт: Он гунае, ки Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) барои ту бе падар фарзанд меофарад, ҳамин гуна Ӯ ҳар чиро хоҳад, бар хилофи одати маъмулӣ халқ мекунад. Чун Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) кореро ирода кунад, ба он Ҳаст шав мегӯяд, пас, он ба вуҷуд меояд. Ҳеҷ чиз Ӯро оҷиз намесозад. 

وَيُعَلِّمُهُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَ

الطاجيكية | Тоҷикӣ

48) Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ба ӯ китобат ва ҳикмат -дар гуфтору кирдор дарки дурустӣ- ва Тавроти Мӯсо ва Инҷилро, ки ба зудӣ онро барояш фуруд меорад, меомӯзонад.